басир — [بصير] а 1. бино, бинанда 2. маҷ. бофаросат, зирак, дурандеш, доно … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бин — I [بن] 1. асоси замони ҳозира ва феъли фармоиш аз дидан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои бинанда: борикбин, дақиқбин, заррабин II [بن] ниг. ибн … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бинишвар — [بينشور] кит. дорои биниш, дорои қобилияти дид, бино, бинанда … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бино — I [بنا] а 1. иморат, хона: бинои истиқоматӣ, бинои мактаб 2. асос, бунёд: бинои умр, бинои ҷаҳон; бино ёфтан сохта шудан; бино кардан (намудан, сохтан) а) сохтан, бунёд кардан; б) ба вуҷуд овардан, офаридан: барпо кардан; бино шудан // бино… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
босир — [باصر] а. кит. бинанда, бино … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дидавар — [ديده ور] кит 1. бинанда, соҳиби чашми бино, басир 2. маҷ. тезбин, нозукбин; хирадманд, доно … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
доман — [دامن] 1. қисми поёнии либос: домани курта, домани пӯстин, домани ҷома: офтобро бо доман пӯшида намешавад (мақ.) 2. миқдори чизе, ки дар доман мегунҷад; доман доман хеле зиёд, ниҳоят бисёр 3. канору ҳошияи ҳар чиз; қисми охири ҳар чиз, домана:… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мазҳака — [مضحکه] а 1. он чи бинанда, хонанда ва шунавандаро ба ханда меорад; мавриди ханда 2. адш. асари драмавие, ки мазмуни хандаовар дорад, комедия … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
масофасанҷ — [مسافه سنج] асбоб барои напаймуда муайян кардани фосилаи байни бинанда ва ягон чиз … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мубассир — [مبصر] а. кит. назаркунанда, нигоҳкунанда, бинанда; бино, бобасират … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ